Раёсати Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон иттиллоъ медиҳад, ки бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №АП-188 ва фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2023, № 519, вобаста ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармоиши ректори Донишкада аз аз 11 маи соли 2023, № 37-3/2 гурӯҳи кории Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон тибқи нақшаи фаъолияти худ, рӯзи 20 маи соли 2023 бо иштироки аҳли ҷамоатчигии Ҷамоати шаҳраки Бохтариён ва намояндагони Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят дар мавзӯи «Ҷавонон нерубахши ояндаи миллат» ҷамъомади идонаи сиёсию фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, баргузор намуд.
Чорабинии мазкурро ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Исозода Диловаршоҳ Тариқ ифтитоҳ намуда, оиди корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва дастовардҳои илмии олимони ҷавони Донишкада бахшида ба ин ҷашнҳо ёдовар шуда, тамоми иштирокдорони ҷамъомадро ба ин рӯзи фархунда табрику таҳният намуданд.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ муовини сардори Раёсати ҷавонон ва варзиш дар вилояти Хатлон Тоҷиддин Қурбонзода зимни суханронии худ қайд карданд, ки боиси шодмонист, ки маҳз бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз ҷавонони кишвар дар муҳити сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дар ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ба камол расида, дар рушду нумуъи Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар анҷоми ҷамъомад аз тарафи роҳбарияти Донишкада ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон беҳтарин ҷавонон бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд ва дастаи ҳаваскорони Донишкада баҳри болидарӯҳии ҷавонон ва иштирокчиён дастаи суруду мусиқиро оид ба Ватан, Модар, Пешвои миллат ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, пешниҳод намуданд. Баъди ҷамъбасти ҷамъомад гурӯҳи корӣ дар якҷоягӣ бо намояндаи Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён аз рафти иншооти сохташаванда ва таъмиршуда, ки ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, дидан намуданд ва ба масъулин ҷиҳати саривақт ва босифат ба итмом расонидани корҳо дар объектҳои ҷашнӣ, маслиҳату тавсияҳо доданд.