Дар доираи Нақшаи муштараки баргузории силсилаи мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар самти амалисозии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар соли 2022, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, имрӯз бо иштироки масъулини Филиали Иттифоқи ҷавонони  Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар факултаи электромеханика ва технологияи инноватсионии Донишгохи Энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон бо ҷалби донишҷӯёни факултаи  болозикр, вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ Қурбонзода Тоҷидин – муовини раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Марзбоншоҳи Сайдраҳмон- мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкада Энергетикии Тоҷикистон иштирок намуда, вобаста ба татбиқи босамари сиёсати давлати ҷавонон, дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати кишвар, махсусан Пешвои ҷавонпарвару муаззами миллат баҳри ҷавонон, саҳми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар эъмори ҷомеаи демократӣ, 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ ва сарнавишти Тоҷикистон, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, аз худ кардани илму донишҳои муосир, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардию кирдорҳои зиддиахлоқӣ, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, пешгирии нашъамандӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд. Вохӯриҳо бо усули факулта ба факулта дар доираи бандҳои дахлдори нақшаи болозикр, мунтазам идома дода мешавад.