Гурӯҳи кории Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №АП-188 ва фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2023, № 519, вобаста ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақшаи фаъолияти худ, рӯзи 27 маи соли 2023 бо иштироки аҳли ҷамоатчигии шуъбаи якуми Ҷамоати шаҳраки Бохтариён дар мавзуи «Китоби “Тоҷикон”-и академик Б. Ғафуров баёнгари таърих ва тамаддуни миллат» вохӯрӣ баргузор намуд.

Вохӯрии мазкурро муовини раиси Ҷамоати шаҳраки Бохтариён З. Муҳриддинзода, ифтитоҳ карда, меҳмононро бо аҳли нишаст муаррифӣ намуд ва оиди аҳамияти бузурги китоби “Тоҷикон”-и академик Б. Ғафуров ёдовар шуда, сухани аввалро ба корманди масъули Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Н. Азизов дод. Зимни суханронии худ Н. Азизов иштирокдорони вохӯриро бо сабабу таърихи эҷод шудани ин асари гаронарзиш, инчунин аҳамияти он дар тарбияи ватанпарастии шаҳрвандон, ба хусус ҷавонон, бо мисолу далелҳо шинос намуд.

Ҳамчунин, дар ин вохӯрӣ мушовири ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон А. Ализода баромад намуда таъкид кард, ки ҷаҳду талошҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омӯзиш ва сабақгирӣ аз ин китоби бузурги Аллома Б. Ғафуров аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрӯз аз ҳарвақта бештар омода будан ба ҳифзи пояҳои соҳибистиқлолии Ватан заруртар аст. Чунин хизмати бузургро барои миллат фарзанди фархунда ва ҷонсупори он Б. Ғафуров низ ба хотири баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ ва ватандӯстию ватанпарастии ҳамватананонаш ба сомон расонидааст. Баъди вохӯрӣ гурӯҳи корӣ дар якҷоягӣ бо намояндаи Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён аз рафти иншооти сохташаванда ва таъмиршуда, ки ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, дидан намуданд ва ба масъулин ҷиҳати саривақт ва босифат ба итмом расонидани корҳо дар объектҳои ҷашнӣ, маслиҳату тавсияҳо доданд.