Имрӯз 5-уми сентябр бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Конференсия таҳти унвони “Истиқлоли давлатӣ – бузургтарин ва муқаддастарин неъмат” баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, устодону донишҷӯёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.
Конференсияи мазкур ба истиқболи ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумурии Тоҷикистон бахшида шуда, ҳадаф аз он тарғиби ғояҳои соҳибистиқлолӣ, қадрдонӣ аз арзишҳои муқаддаси миллату давлатдорӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни  бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ Аҳмдҷон Ализода, раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ифтитоҳ бахшида, баргузории ин суҳбату вохуриҳо дар мавзӯи “Истиқлоли давлатӣ – бузургтарин ва муқаддастарин неъмат” ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву ҳисси ифтихор аз ҳуввияти миллӣ ниҳоят муҳим арзёбӣ намуд.
Баъдан раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед  дар мавзӯи “Истиқлоли давлатӣ – бузургтарин ва муқаддастарин неъмат” маърӯза намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тамаддунофари халқи тоҷик ба ҳисоб меравад, ки ин санаи тақдирсоз ҳамчун бузургтарин рӯйдоди таърихии миллат андар аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуҷўъ  пайваст. Ҳаминак,  32 сол мешавад, ки ҳамасола дар санаи 9 сентябр дар кишварамон ҳамчун Рўзи  Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу тантана ҷашн гирифта мешавад.
Даврони пурифтихору сарфарозии миллати тоҷик, ки онро ҳар яки мо ба унвони Истиқлолияти давлатӣ арзиши муқаддас мешуморем, Ватани азизи мо Тоҷикистон хонаи умеди тамоми тоҷикони олам гардида, дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташабусҳои ҷаҳонии ин чеҳраи таърихсозу анҷотбахши миллат дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи хосаро соҳиб гардид. Чуноне ки ҳамагон шоҳидем давоми солҳои рушду инкишофи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷомеаи ҷаҳони шоҳиди ҳол аст, ки дар кулли тасмимгирии дастаҷамъӣ дар мавриди баррасии масоили глобалӣ ва ояндаи ҷомеаи башарӣ Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқ нақши пешоҳангӣ дорад,  иброз дошт Саидзода Ҷамшед.
 
Воқеан, бо шарофати соҳибистиқлолии кишварамон имрӯз дар арсаи ҷаҳон миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мешиносанду Сарварашро ҳамчун шахсияти башардӯсту саҳмдор дар рушди ҷаҳони муосир мешиносанду эътироф доранд.
Баъдан, Исозода Диловаршоҳ, ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ба сухан баромада оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши Пешвои муаззами миллат дар бунёди давлати навини тоҷикон изҳори андеша намуд. Зикр гардид, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми шаарфманди он рамзи олии ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, сароғози ҳама ташаббусҳои бузурги ояндасозӣ, азму талошҳои ватандӯстона баҳри ноил шудан ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангиро биомӯхт.
Истиқлолият мояи саодати миллати тоҷик ва таъмини зиндагии шоистаи мардум арзёбӣ мегардад, ки халқ бо нишони ҷонибдорӣ аз сиёсати роҳбари давлат ҳама саъю талоши худро ба ояндаи дурахшони Ватани худ насли имрӯзу ояндаи хеш бахшидааст.
Дар идомаи  Конференияи мазкур ҳамчунин Ҷаҳонгири Абдулвоҳид, номзади илмҳои техникӣ, Меҳрангез Темирова, омӯзгори кафедраи  фанҳои гуманитарӣ ва рушди неруи инсонӣ, донишҷӯёни Донишкадаи мазкур Сулаймон Каримов ва Файзалии Бароталӣ суханронӣ намуда, аз дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолии кишвар ёдовар гардида, насли ҷавонро ба илму донишандӯзӣ ва омӯзиши таъриху тамаддуни ниёгони хеш даъват намуданд.
Зикр гардид, ки сокинони шарафманди вилояти Хатлон ба хусус, ҷавонони саодатманди мо, ки имрӯз дар муассисаҳои оливу касбӣ таҳсил дошта, ё дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ содиқона фаъолият доранд, бо шукргузорӣ аз сулҳу осоиштагӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон саҳмгузорӣ дар рушду ободонии ватани азизамонро рисолати ҳаётии худ мешуморанд.
Дар фарҷоми Коференсияи ҳизбӣ аз ҷониби КИ ҲХДТ ва раёсати Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон як зумра собиқадорон ва омӯзгорону донишҷӯёни фаъол ва олимону пажуҳишгарони соҳаи энергетика бо Итфихорнома ва дигар туҳфаҳои идона сарфароз гардонида шуданд.