Имрӯз Донишкадаи энергетикии Тоҷикистонро фазои идона ва хурсандӣ фаро гирифт, зеро дар Донишкада бо иштироки аъзоёни Раёсат маросими пешвоз ва қадрдонии ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки дар дарври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат”, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, магистранти курси дуюми кафедраи неругоҳҳои барқӣ Саидбеков Зикрулло Ҳабибуллоевич аз рӯи номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”, сазовори ҷойи сеюм ва омӯзгори ҳамин кафедра Неъматов Рустам сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Ҳамчунин як қатор донишҷӯёни донишкада низ дар ин озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ иштироки фаъол доштанд.

Дар кушодашавии маросими қадрдонии ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” муовини ректор оид ба таълим, идораи сифати таҳсилот ва мобилияти академӣ Зувайдуллозода Ф.З. суханронӣ намуда, ин дастоварди назаррасро натиҷаи заҳмату кӯшишҳои на танҳо Саидбеков Зикрулло, балки тамоми омӯзгорону кормандони Донишкада арзёбӣ карданд. Баъдан муовинон Обидҷони Ш.Қ., ва Шарифова З.Ҷ. низ сухан намуда, қайд карданд, ки барои мо ифтихор аст, ки дар сатҳи вилоят донишкадаи мо ягона муассисаи таълимии олие мебошад, ки новобаста аз навтаъсис буданаш, бо чунин дастовардҳо ноил гардид, ки ин бори аввал нест.

Ҳамчунин, мушовири ректори Донишкада устод Ализода А.А. ғолибонро аз номи ректор ва тамоми коллективи Донишкада таҳният гуфта, таъкид карданд, ки бо инобати шароити хуби илму таҷрибаомӯзие, ки дар синфхонаву озмоишгоҳҳои бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонидашудаи Донишкада олимони ҷавону донишҷӯёни мо дар оянда имкон доранд, ки ҳамаи ҷойҳои озмуни ҷумҳуриявиро аз рӯи номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”, соҳиб гарданд.

Дар анҷоми ин чорабинӣ ғолибони даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” ва иштирокчиёни фаъоли ин озмун аз ҷониби садорати факултетҳо бо ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.