Ифротгароӣ ин амалест, ки ҷомеаи ҷаҳониро зери хатар қарор додааст ва чанде давлатҳо дар зери таъсири ин раванд нотавон монда, қисми дигаре тадбири раҳоӣ меҷӯянд. Ифротгароӣ, пеш аз  ҳама, теша ба решаи дарахти сабзи суботу амният ва сулҳу ваҳдат мезанад. Садҳо кудаконро дучори хушунату бепарасторӣ, гуруснагию дарбадарӣ гардонидаю садҳо модарро доғи фарзанд дар дил мондаву кишвару миллатҳоро ба вартаи ноосоиштагӣ кашидааст. Як нуқтаи қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки гурӯҳҳои ифродгарои фаъол дар сатҳи ҳар як минтақа бо паҳн кардани шиори иҷрои шариати исломӣ ва ваъдаҳои бардурӯғи дифоъ аз ислом ва мусулмонон, шахсони нодону гумроҳ ва аз асли динни ислом бехабарро ҷалб карда, бо фаъолиятҳои сиёсӣ ва низомӣ, барои нооромии аҳли ҷомеа иқдом гирифтаанд. Барои ба нестӣ бурдан ва решакан кардани чунин гурӯҳҳои тундгарову ҷангҷӯ ва ифротгаро дар якҷоягӣ мубориза бояд бурд.

Дар ҷомеаи имрӯза гоҳо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъи ваҳҳобия, ба мисли “Ҳизб-ут – таҳрир”, салафия, толибон ва ғайраҳо мардумро аз ҳам ҷудо сохта, ҷавононро ба бадбахтиҳо ва ба коми гурӯҳҳои худ мекашанд. Онҳо баҳри тавлиди низоъҳои нав дар байни миллату халқиятҳо дар зери ниқоби “Дини мубини ислом” баромад намуда, ҷавононро аз дину миллати хеш ва оинҳои аҷдодӣ дур месозанд. Аз ин лиҳоз, тамоми ҷавононро даъват менамоем, ки ҳамагон бо азму иродаи қавӣ якдилу яктан гашта, ватан-модари азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонем. Ҳаргиз он ҷонбозиҳое, ки падару бобоёни мо баҳри барпо кардани таърихи ғании миллатамон дар тӯли қарнҳо кардаанд, фаромӯш нахоҳад шуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷавононе, ки шомили чунин гуруҳҳо мегарданд, хеле дониши кам доранд. Қисмате аз онҳо ҳамон  нафаронеанд, ки бо сабаби воқеаҳои маълум аз таълиму тадрис дур мондаанд, ё аз оилаҳои нопурра мебошанд.