Саромӯзгории кафедраи Автоматонии ҳаракатоварҳои барқӣ н.и.т. Ҷаҳонгири Абдулвоҳид дар Конференсияи илмӣ-назариявӣ ба муносибати рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат дар мавзӯи “Таҷҳизот барои иваз намудани изолятсияи нуқсондор ва бехатарии корманд” дар толори маҷлисгоҳи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон иштирок ва баромад намуда, аз ҷониби Ширинзода Муҳиддин-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон, бо Сипоснома ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуд.
Донишҷӯи бахши 3-юми ихтисоси “Нерӯгоҳҳои барқӣ”-и факултети электроэнергетикии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон бо Сипоснома ва стипендияи Раиси Кумита сарфароз гардонида шуд.