51%-и хатмкунандагони ДЭТ ихтиёрӣ ба хизмати Ватан- Модар сафарбар гардиданд

Имрӯз хатмкунандагони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ихтиёран баъди супоридани имтиҳонҳои хатм ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуданд.

Онҳо хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифаи шаҳрвандӣ ва ҷонии хеш шуморида, барои ҳифзи марзу буми Ватан ҳамеша омода буданд ва ҳастанд. Дар саҳни майдони ҳарбии Донишкада дар фазои идона ва тантанавӣ дар умум 51%-и хатмкунандагони Донишкада ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд. Ба ин муносибат дар саҳни майдони ҳарбии Донишкада бо иштироки намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ, роҳбарияти донишкада, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва падару модарони донишҷӯён чорабинии тантанавӣ иборат аз рақсу суруд баргузор гардид. Ректори Донишкада Исозода Диловаршоҳ Тариқ зимни суханронӣ иброз намуданд, ки «Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи Ватан барои ҳар як ҷавон мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат ба ҳисоб меравад».