Бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён ва шуъбаи ташкилӣ ва тарбиявии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар сулҳу суботи мамлакат таҳти унвони “Иҷлосияи қисмат” баргузор гардид. Конференсияи мазкурро ректори Донишкада номзади илмҳои кимиё Исозода Диловаршоҳ Тариқ оғоз намуда, зимни суханронии хеш дар бобати сулҳу оромии кишвар, муҳофизати марзу бум, ҳифзи забону тамаддун ва муқаддасоти миллӣ ибрози ақида намуданд.

Бояд гуфт, ки дар ин конференсия меҳмонон мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён Шукронаи Маҳмадализода иштирок ва суханронӣ карданд.