Имрӯз дар толори қироатхонаи китобхонаи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва рушди неруи инсонӣ, конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба Иди Ғалаба таҳти унвонӣ “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст” баргузор гардиид. Дар конференсия муовини ректор оид ба тарбия, тарғибот ва масоили иҷтимоӣ Шарифова Зарина Ҷумаевна, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва рушди неруи инсонӣ Ҳамроев Ҳабибулло, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Сараввал муовини ректор оид ба тарбия, тарғибот ва масоили иҷтимоӣ Шарифова З.Ҷ. ба конференсия ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуданд, ки “Бо тақозои раванди таърих халқи тоҷик низ имтиҳону озмоишҳои фоҷиабори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро аз сар гузаронид. Бинобар ин, рӯзи Ғалаба як пораи воқеии сарнавишт, як саҳифаи пурифтихори таърих ва як намунаи беамсоли корнамоиҳои падарону бобоҳои калонсоли моро дар арсаи мудҳиштарин ҷанги ҷаҳонии асри гузашта таҷассум менамояд”.

Ҳамчунин дигар устодону донишҷӯёни иштирокчӣ низ бо маърӯзаву қироати шеърҳо аз таърихи ғалаба ва корнамоиҳои қаҳрамонони тоҷик дар ин ҷанг суханронӣ карданд.