Имрӯз дар толори Шӯрои олимони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ҷаласаи Раёсати Донишкада баргузор гардидид.
Ҷаласаи Раёсатро ректори Донишкада Исозода Диловаршоҳ Тариқ ифтитоҳ намуда, рӯзномаи ҷаласаро ба аҳли раёсат шинос намуданд. Баъди кушода эълон шудани ҷаласаи Раёсати Донишкада тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои гуногун аз қабили ҳолати журналҳои гурӯҳҳои академӣ, рафти дарсҳои кушод ва иштироки омӯзгорон ва мудирони кафедраҳо дар дарсҳои ҳамдигар, иҷрои нақшаҳои таълимӣ ва сарбории омӯзгорон баррасӣ карда шуданд. Бояд қайд кард, ки оид ба ҳар як масъалаи рӯзномаи ҷаласаи Раёсат комиссия ахбороти муфассал ва таҳлилиӣ пешнҳод намуданд. Дар рафти ахборот ҳайати комиссия аз пешравию дастовардҳо сухан карда, камбудиҳои ҷойдоштаро низ матраҳ намуданд. Тибқи рӯзномаи ҷаласа Эмомов Б.Ф., Рашидов А., Носиров И. ва Муҳаббатов Ҳ. суханронӣ карданд. Аз рӯи камбудиҳои ошкоршуда дар раванди таҳсилот масъулин бо қарорҳои дахлдор вазифадор гардиданд.