Асоев Икром – Хатмкардаи Донишкада

Ман баъди хатми Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудам ва хушбахтона тамоми орзуҳои худ ва волидонамро амалӣ намудам.

Муҳандис будан ифтихори бузург ва касби пуршараф аст.

Фаъолияти кории худро аз соли 2015 дар ҶСК Васли дастгоҳҳои махсуси гидротехникӣ (ОАО СГЭМ) аз васлгар, усто, прораб, супервайзер оғоз намудам. Аз соли 2018 то ҳол дар вазифаи менеҷери техникӣ кору фаъолият дорам.

Соли 2018 бо ифтихорномаи ҶСК Роғун, соли 2021 бо ифтихорномаи Ширкати Барқи Тоҷик ва соли 2022 бо аълочии Барқи Тоҷик сарфароз гардонида шудам.

Ман ба довталабон тавсия медиҳам, ки интихоби Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Шуморо шахси бомаърифату соҳибэҳтиром менамояд.

Асоев Икром – Менеҷери техникии ҶСК Васли дастгоҳҳои махсуси гидротехникӣ (ОАО СГЭМ)

Рамзи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ММТ_202