Бахшида ба иди касбии энергетикҳои Тоҷикистон дар факултети Электроэнергетикии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон таҳти унвони “Ихтироъкорон ва техникони ҷавон” намоиши дастовардҳои устодону донишҷӯёни факултет баргузор гардид.

         Фаъолони факултет ректори донишкада н.и.к. Исозода Д.Т. ва дигар аъзои раёсатро истиқбол намуда ба толори намоишгоҳ даъват намуданд.

         Намоишгоҳ бо ҷомҳову дипломҳо, ифтихорномаҳо ва сертификатҳои гуногун, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба даст оварда шудаанд, оро дода шуда буданд.

         Аз ҷумла Аминов Дилшод барои корҳои инноватсионӣ дар энергетика, Қосимов Бахтиёр барои маърӯза дар мавзӯи “Энергетикаи хурд-дастовардҳои бузург” дар Федератсияи Россия қадр карда шудаанд.

         Дар намоишгоҳ дастурҳои зиёди методӣ, дастурҳои корҳои амалии лабараторӣ, дастурҳо оид ба васли дастгоҳҳои равшанидиҳанда, практикуми озмоишӣ оид ба масолеҳшиносӣ ва дигар дастурҳо, ки ҳамагӣ маҳсули кору дасти устодону донишҷӯён мебошанд.баҳри бинандагон пешниҳод карда шуда буданд.

         Як гӯшаи намоишгоҳро сертификатҳои барои таҷҳизотҳои энергетикии оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба даст овардашуда оро медоданд.

         Дар намоишгоҳ лавҳаҳо бо макетҳои амалкунандаи энергетикӣ дар гӯшаи махсус ҷой дода шуда донишҷӯён тарзи кори онҳоро шарҳ медоданд.

         Дар назди факултет, аз ҳисоби донишҷӯён, гурӯҳи фаврии зудамал, иборат аз панҷ нафар амал менамояд, ки бо либосҳои махсус таъмин буда, дар мавриди дар донишкада ба амал омадани садамаҳо зуд онро бартараф менамоянд.

Scroll to Top