Санаи 19-уми октябри соли равон дар толори фарҳангии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Мақом ва нақши иттифоқҳои касаба дар ҷамъият” ва чорабинии фарҳангӣ ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касаба баргузор гардид.

Кори конференсияи мазкур дар масъалаҳои мубрами рӯз ва мавзӯъҳои мухталлифи ҷомеаи имрӯза, дастовардҳои замони Истиқлолият, аз қабили “Истиқлолият ва иттифоқҳои касаба” ва “Ҷавонон ва иттифоқҳои касаба” мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар бахши ҳавасмандагардонии фаъолон зиёда аз 60 нафар кормандони соҳаҳои гуногуни иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла дар ин конференсия ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон номзади илмҳои кимиё Исозода Диловаршоҳ Тариқ бо Ифтихорномаи Иттифоқҳои касаба дар вилояти Хатлон ва раиси Иттифоқи касабаи донишкада Эмомов Баҳром бо нишони сарисинагии Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Scroll to Top