Имрӯз дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ- фароғатӣ бахшида ба Рӯзи модар таҳти унвони “Ҷаҳон дар қалби модар” баргузор гардид. Чорабиниро ректори Донишкада н.и.к. Исозода Д.Т. ифтитоҳ намуда, модарону бонувони донишкадаро ба ин рӯзи муқаддас табрику таҳният намуданд.
Инчунин бонувони донишкада аз ҷониби ректори донишкада ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи ДЭТ бо сипосномаву ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷом дастаи “Нурафшон”- и Донишкада табъи ҳозиринро бо суруду таронаҳои омоданамуданашон шод нумуданд…