Ба ифтихори 29-умин солгарди таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон чорабинии фарҳанги – фароғати баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироки Ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон н.и.к. Исозода Д.Т, муовинони ректор, сардори кафедраи ҳарбӣ ва омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид. Ректори донишкада суханронӣ намуда, ҳамаи омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандонро бо камоли мамнуният аз номи Раёсати донишкада ва дар симои онҳо тамоми мардуми сарбаланди кишварро ба ифтихори 29 – умин солгарди “Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон’ табрику таҳният намуд. Устод қайд намуданд, киИн ниҳоди пурқудрати кишвар зодаи даврони истиқлолият буда, ҳамасола 23 – феврал ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.Масъалаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ 18 – уми декабри соли 1992 бо ҷаҳду талошҳо ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар пойгоҳи аэродроми “Айнӣ “, ки дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир мебошад , баррасӣ ва хулосабарорӣ гардида буд.Рӯзи 23- юми феврали соли 1993 бошад дар майдони ” Дӯстӣ”- и пойтахти мамлакат аввалин гузашти ҳарбии ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе баргузор гардида он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ бо дастгирию ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти Олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба нерӯи тавонои дифои кишвар табдил ёфта, амнияту дахлнопазирии марзу буми мамлакатро таъмин месозад . Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 сар карда, пайваста дар тамринҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, дар мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ ва зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир саҳми муносиби худро гузошта истодаанд. Бо бовари ва этимод метавон гуфт, ки ҷиҳати таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва бунёди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ дар Тоҷикистони азизамон, хизматчиёни ҳарбии ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, азму иродаи қавӣ, интизоми устувори ҳарбӣ, донишу маҳорати мукаммали касбӣ зиракии доимии сиёси зоҳир менамоянд. Имрӯз вақти он расидааст, ки ҷавонони бонангу номуси кишвар ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шаванд ва чун як тану як ҷон баҳри оромиву осудагии Ватан камари ҳиммат баста, хизмати Модар-Ватанро сарбаландона ба ҷо биоранд.29 – умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад ҳамдиёрони азиз! Дар охир чорабинии фарҳангӣ- фароғатӣ баргузор гардид ва баъди он кормандони кафедраи ҳарбӣ аз номи Ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон барои заҳматҳои софдилонаю содиқона бо ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.

Scroll to Top