Имрӯз (08.09.2022) дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ба муносибати 31 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он ректори Донишкада, н.и.к. Исозода Д.Т. суханронӣ намуд. Ректори Донишкада ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёнро ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, қайд намуд, ки Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ дар асоси сиёсати маорифпарварона ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду муваффақиятҳои арзанда ноил гардид.

Сипас аз ҷониби раёсати Донишкада ба як гурӯҳ омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён ифтихорнома ва сипоснома ва супорида шуд.

Дар анҷом барномаи омоданамудаи дастаи ҳунармандони Ансамбли мусиқӣ- мазҳакавӣ шаҳри Бохтар ва дастаи “Нӯрафшон” -и Донишкада баргузор гардид.

Сурудҳои омоданамудаи ҳунармандон дар васфи Тоҷикистон, Истиқлолият, Модар, Ватан, ба ин маҳфили бошукӯҳ зебоию таровати тоза зам намуданд.