Имрӯз дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон конференсияи илмӣ –назариявӣ таҳти унвони соли “2025 –соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” доир гардид.

Дар кори конференсия меҳмонон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо сарварии сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Қурбонзода Қурбон, ректори Донишкада Исозода Диловаршоҳ ва омӯзгорону кормандон иштирок намуданд.

Боиси ифтихор аст, ки иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳаммуалифии 153 кишварҳои узви СММ пазируфта шуд.

Баромадкунандагон дар маърӯзаҳои хеш қайд намуданд, ки қатъномаи мазкурро дар ҳифзи бевоситаи пиряхҳо арзёбӣ карданд. Таъсири обшавии босуръати пиряхҳо ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушду тараққиёти давлат таъкид намуданд.