Рўзҳои 2-3 декабри соли 2019 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи 13-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Дар кори он ҳайати Ҷуҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат намуданд.
Дар доираи Комиссияи мазкур барои баррасии масъалаҳо чор гурҳи корӣ ташкил карда шуд. Дар ҷаласаҳои гуруҳҳо масъалаҳои фаъолгардонии ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, нақлиёт, энергетика, нафту газ, об, кишоварзӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, гумрук, бонкдорӣ, суғурта, геодезия, геология, алоқа, коммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ, телевизион ва радио, фарҳанг, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, варзиш ва ҷавонон ва ҳамкориҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Диққати ҷиддӣ ба ҳалли масъалаҳо оид ба анҷом расонидани корҳои боқимонда барои таъмини фаъолияти боэътимод ва бехатари нақби «Истиқлол», истифодабарӣ ва пардохти маблағи нерўи барқи НБО «Сангтўда – 2», масъалаҳои ҳамкориҳои байнибонкӣ ва ҳалли мушкилоти дар муносибатҳои байнибонкӣ ҷойдошта ва дигар масъалаҳо, дода шуд.
Рўзи 3 декабр баъд аз натиҷагирии кори гуруҳҳо маросими расмии баимзорасонии Протоколи ҷаласаи Комиссияи мазкур бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардида, ҳамраисони Комиссия изҳори умедворӣ намуданд, ки амалӣ шудани бандҳои санади мазкур барои вусъат бахшидани муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии минбаъдаи Тоҷикистону Эрон мусоидат хоҳад намуд.
P.s. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.