Бори аввал нест, ки ҷониби қиргиз пас бастани аҳди оташбас таҷовузро алайҳи миллати тоҷик раво мебинад. Ин маротиба қирғиз аз ҳадди худ ончунон гузашт, ки аз силоҳҳои бесарнишин алайҳи мардуми осоишта истифода намуда, хуни мардуми бегуноҳро резонд. Ҳол он ки таърих гувоҳ аст, ки мо миллати сарбаланди тоҷик боре хам таҷовузро болои дигар қавмияту миллат раво надидем ва намебинем. Мо миллати сулҳпарвар будем, ҳастем ва мемонем. Лекин ҳамин нуқтаро қирғизхои муғултабор бояд донанд, ки алайҳи ҳар як дасиса ва таҷовузи онхо мушти муттаҳиди тоҷик думболагирашон мекунад ва то замони таслимшавиашон дарси адабашон медихад. Ба саркардаҳои қирғиз ҳаминро гуфтаниям, ки халқи тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами миллат Эмомали Раҳмон барои ҳифзи сарҳади худ омода ҳастанд ва барои ҳар як ваҷаби хоки худ ҷоннисори менамоянд. Ба худ ой қирғиз!

Ба модарони афсарони шаҳидшуда, ки ҷигарбандонашон ҷони худро барои ҳифзи Ватан нисор намуданд сабри ҷамил хохонам.

Мо бо Шумо ғамшарикем. Шумо МОДАРОНИ АФСАРОНИ ҚАҲРАМОНЕД.

Бахтиёр Қосимов, мудири кафедраи нерӯгоҳҳои барқии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон.

Scroll to Top