Аз 13 то 15 марти соли 2023 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти унвони “Робитаҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияҳо ҳамчун асоси рушди иқтисодиётҳои миллӣ” баргузор гардид, ки дар он аз ҷумла ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, дотсент Исозода Д.Т. иштирок доштанд.
Дар доираи барномаи ин Форуми илмӣ ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, дотсент Исозода Д Т. бо ректорони якчанд муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла: бо ректори Донишгоҳи Миллии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек мӯҳтарам Маджидов Иномжон Уришевич, ректори Донишгоҳи давлатии Бухоро мӯҳтарам Хамидов Обиджон Хафизович, ректори Донишгоҳи давлатии техникии Тошкент ба номи Ислом Каримов мӯҳтарам Турабджанов Садритдин Махаматдинович, ректори Донишгоҳи давлатии Навоии истихроҷи маъдан ва технологияҳо мӯҳтарам Мардонов Бахтиёр Тешаевич, муовини ректори Донишгоҳи давлатии Термиз мӯҳтарам Тураев Расул Нортожиевич ва муовини ректори Донишкадаи мошинсозии Андиҷон мӯҳтарам Алиев Сухроб Райимжонович вохӯрӣ ва суҳбати судманд анҷом доданд.
Аз рӯи натиҷаҳои ин вохӯриҳо миёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Миллии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек, Донишгоҳи давлатии Бухоро, Донишгоҳи давлатии техникии Тошкент ба номи Ислом Каримов, Донишгоҳи давлатии Навоии истихроҷи маъдан ва технологияҳо, Донишгоҳи давлатии Термиз ва Донишкадаи мошинсозии Андиҷон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.
Ин созишномаҳо самтҳои гуногуни таҳсилоти олӣ, аз ҷумла: омӯзиши таҷрибаи пешқадам, коркарди барномаҳои замони муосир, табодули омӯзгорон ва донишҷӯён барои такмили сатҳу сифати таҷрибаву дониш ва гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотии муштарак, дар бар мегиранд.