Миллати тамаддунофари тоҷик ҳамеша ба аҳли илму адаб ва ходимони дин таваҷҷуҳу эҳтироми хосса дорад. Хиради азалии ин миллат, ҳанӯз 1300 сол пеш аз дини Ислом, оламиёнро ҳӯшдор дода буд, ки ба буту санамҳо, ҳайвонот, офтобу моҳтобу ситораҳо не, балки ба Худои яккаву ягона, ки замину осмонҳо ва ҳамаи мавҷудоту махлуқоти онҳоро офаридааст, саҷдаву ибодат кунанд. Ин муқаррарот ва дастурҳои дини аҷдодони гузаштаи моро баъдтар дини мубини Ислом такмил додаву қабул кардааст. Мардуми мо имрӯз ҳам ба ходимони дин, ки онҳоро аксаран бо ибораи «мулло» ном мебаранд, эҳтироми зиёде зоҳир менамоянд. Онҳо бо умеди калон бовар доранд, ки азбаски решаи калимаи «мулло» аз калимаи «ИЛМ» иборат асту маънои луғавиаш «донандаи кулли илмҳо» мебошад, муллоҳо дар қатори 6 илми илоҳӣ: калом (худошиносӣ ё теология), маонӣ (баён), сарфу наҳв (морфология ва синтаксис), фиқҳ ва усул (қонунҳои дин ва шариати ислом), ладунӣ (илми ғайб ё худодод),, инчунин зиёда аз 45 намуди илми маҷозӣ ё дунявӣ ҳам бархӯрдоранд.
Воқеан хеле шавқовар аст, ки имрӯз муллои деҳа аз илмҳои мусалласот (тригонометрия), муҳосабот (бухгалтерия), наботот (ботаника), нуҷум (ситорашиносӣ ё астрология), расад (тақвимсозӣ-календарсозӣ), ҷарри асқол (механика), табақотуларз (геология), табиӣ (физика), таҳдидулбилод (топография), тиб (медитсина-мадади Сино), ҳайат (астрономия, космография), ҳайвонот (зоология), ҳандаса (геометрия), ҷабру муқобила (алгебра), ҳикмат (фалсафа ва физика), адаб (филология), барин (метафизика), баҳс (диалектика), буна (физиология), истифо (ҳисобдорӣ), кимиё (химия), манозир ва мароё (оптика), шуъо, маодин (минералогия), масоҳат (геодезия), милоҳат (дарёнавардӣ, киштиронӣ), адвор (мусиқӣ), арӯз (қоидаи эҷоди шеър), ахлоқ, зунун (идрок ва фаҳмиш), лисон (забоншиносӣ), луғғат (луғатшиносӣ), мантиқ (логика), маҷлис (қоидаҳои муошират), мунозира, рамл (фолбинӣ), таъбир (хоббинӣ), фаросат ё қиёфа (қиёфашиносӣ), қол (илми зоҳир), тир, яд (хиромантия-аз хати кафи даст муайян кардани тақдир) ва яқин бо мардум, хусусан ҷавонон суҳбатҳо биорояд.
Вале дар шароиту вазъи сиёсии ҷаҳони муосир, хеле зарур аст, ки ходимони дин-имомхатибони масҷидҳо пеш аз ҳама ҷиҳати омода кардани ҷавонон ба ҳифзи марзу буми Ватан ва пояҳои соҳибистиқлолии он ва ба омӯзиши илму аз худ кардани касбу ҳунар, аз нигоҳи ватанпарастӣ ва худшиносии миллӣ рафтор кунанд.
Барои ин, ходимони дин, аз ҷумла сархатибу имомхатибони шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки сатҳи худшиносии миллии худро пайваста баланду пурқувват намоянд. Умед ва боварӣ ҳаст, ки ходимони дини вилоят ҳамеша дар ёд доранд, ки аҷдодони хирадманди тоҷик Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Муҳаммад Ғаззолӣ, Мавлонои Балхӣ, Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо тан аз шумори аҳли адаби порсӣ ба монанди Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абӯалӣ Синову Форобӣ, Хайёму Берунӣ, Насириддини Тӯсиву Закариёи Розӣ барои рушду нумӯи дини Ислом хидмати беназире кардаанд. Дар ин бора дар китоби арзишманди «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин омадааст: «Бузургии миллати тоҷик дар он аст, ки таҳти васояти кадом империя ва халқияти зӯровар қарор надошта бошад, волоияти забону фарҳанги худро аз даст надода, дами теғи ҳама гуна таассуби динию мазҳабиро бо фарҳанги оламгири хеш кунд намудааст. Агар пеши роҳи ғояҳои ҷангпарварона ва ғазовоти исломро маҳз мазҳаби илҳомбахши Имоми Аъзам, тафсиру тадбирҳои худоҷӯёна ва ҳикмату фалсафаи тасаввуф намегирифт ва дини Арабро дар либоси фарҳанги Аҷам ҷилва намедод, мавҷи селосои ғозиёни ислом то паҳнои Рус ва моварои Чин мерасид». Мутаасифона, аз сабаби он, ки бузургони хирадманди мо дар замоне умр ба сар мебурданд, ки ҳокимони давр бегонагон буданду миллат давлати соҳибистиқлол надошт, маҷбуран ба осиёби илму марифати ҷаҳонӣ ва инкишофи таърихи умум об рехта, имконияти ҳифзи манфиатҳои ворисони худ-миллати тоҷикро аз мадди назар дур монда буданд.
Хушбахтона баъди ҳазорсолаҳо имрӯз миллат соҳиби давлати соҳибистиқлол аст. Мо бояд аз дарси талхи таърихи гузаштаамон сабақ омӯхта, барои пойдории ин неъмати бузурги Худованд, яъне Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллии он тамоми ғайрату нерӯ ва донишу хиради худро истифода барем ва дар ин ҷода бонангу номӯс буданамонро зоҳир намоем.
Аҳмадҷон Ализода, мушовири ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон