Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон корҳои тирамоҳиву зимистонӣ бо маром идома доранд. Имрӯзҳо устодону донишҷӯён дар дар вақтҳои фориғ аз дарсҳо бо корҳои заминнармкунӣ, ба шаклдарории дарахтон, нармкунии қитъаҳои байни қаторҳои ниҳолон, қаламчакунии гулҳо ва дигар корҳои тирамоҳиву зимистонӣ машғул мебошанд.