Сазовор истиқбол намудани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи имониву виҷдонии ҳар як Тоҷикистонӣ мебошад.
Ҳайати кормандони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон баҳри ободии як гӯшаи Ватан камари ҳиммат баста, бо омад-омади фасли баҳор ба ободкориву бунёдкорӣ вусъати тоза бахшидаанд.
Бо мақсади сабзу хуррамгардонии ҳудуди донишкада ва сазовор истиқбол намудани Наврӯзи байналмилалӣ қитъаҳои алоҳида ба факултету кафедраҳо вобаста карда шуда сараввал ҷӯйборҳои обгузари ҳудуд ва шафати донишкада тозаву озода карда шуда қитъаҳои вобастакардашуда обод гардида истодаанд.
Башаклдарории ниҳолҳову дарахтони мевадиҳанда анҷом дода шуда иловатан зиёда аз 300 бех ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда аз қабили сиёҳолу, хурмо, зардолу ва ғайра шинонида шуданд.
Гулгаштҳо бо зиёда аз 2500 гулҳои лолаву садбарг оро дода шуда дар ҳудуди донишкада зиёда аз 140 ниҳолҳои сояафкану дарахтони сӯзанбарг шинонида шуданд.
Қад-қади ҷӯйборҳои шафати донишкада зиёда аз 70 бех ниҳоли тут шинонида шуд.
Дар қитъаи парваришгоҳи донишкада зиёда аз 1000 бех гули лола ва 1500 гули садбарг шинонида шудааст. Раванди сабзу хуррамгардонии ҳудуди донишкада бо маром идома дошта кормандону донишҷӯён азми қавӣ доранд, ки Наврӯзи байналмилалӣ ва ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор истиқбол мегиранд ва бо тайёр намудани мутахассисони баланпоя дар саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.