Имрӯз дар Ташкилоти ибтидои ҲХДТ “Нурафшон” аз ҷониби аъзоёни ҳизб барои ободу зебо гардонидани заминҳои гирду атрофи Ташкилот аксияи “Гулшинонӣ ва ниҳолшинонӣ” баргузор гардид. Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҲХДТ Нурафшон дар ҳамбастагӣ бо омӯзгорон ва кормандони кафедраи ҳарбӣ бо меҳнати софдилона гулҳои зебову ороишӣ ва ниҳолҳои ҳамешабзро, ки тавваҷӯҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд, шинониданд. Инчунин зери дарахтонро нарм намуда, гирду атрофи донишкадаро ободу зебо гардониданд. Ин иқдом аз ҷониби Ташкилоти ибтидои ҲХДТ “Нурафшон” дар оянда низ идома меёбад.