Дар толори асосӣ ва толорҳои се факултети Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон устодон ва донишҷӯёни донишкада дастҷамъона бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷи кишвар муайян карда шуданд бо мароқи зиёд шунида ба воситаи телевизион, ки дар саҳни толорҳо ҷойгир буд диданд.

Зимни ироаи Паём ба маҷлиси Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати ҳозиринро ба дастовардҳои Тоҷикистон аз Паём то Паём ҷалб намуда, оид ба вазифаҳои муҳими дар пеш истода ибрози назар намуданд.

Дар баробари муайян намудани вазифаҳои навбатӣ Президенти муҳтарами Тоҷикистон баҳри шукуфоиву пешрафт, рушди иҷтимоиёту иқтисодиёт, фарҳангу маориф якчанд таклифу пешниҳодҳои муфид намуданд.          Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” минбаъд вобаста ба сину сол миёни хонандагон, донишҷӯён, магистрантон, омӯзгорон ва калонсолон  гузаронида шуда, озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” баргузор карда шавад.

Scroll to Top