Дар факултети “Электромеханика, иқтисод ва сохтмон”-и Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи энергетик, конференсияи байналмилалии дар пеш истода, ки рӯзи 22 декабр баргузор мегардад ҳамчунин “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” таҳти унвони “Дастовардҳо ҳамчун муаррифгари факултет” намоиши дастовардҳо баргузор гардид.
Ба намоиш дастовардҳои илмӣ, китобҳову дастурҳои таълимӣ, методӣ, илмӣ-методӣ, лавҳаҳои амалкунанда, дастовардҳои варзишгарони факултет ва намунаи ҳунарҳои мардумӣ, ки ҳамагӣ маҳсули кори устодону донишҷӯён мебошанд, пешкаши бинандагон карда шуд.
Инчунин як гӯшаи намоишгоҳро дипломҳо, сертификату ифтихорномаҳо, ки аз конференсияҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ба даст оварда шудаанд, оро медоданд.
Ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон н.и.к., дотсент Исозода Д.Т. баъд аз дидани дастовардҳои ба намоиш гузошташуда таъкид намуданд, ки дар самти корҳои илмӣ, навоварӣ, ихтироот ва омода намудани дастуру китобҳои дарсӣ вусъат бахшида шавад, зеро онҳо муаррифгари факултет мебошанд.
Исозода Д.Т. ба дастовардҳои пешниҳодшуда баҳои мусбат дода оид ба беҳтар намудани кору фаъолият, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва омода намудани кадрҳои баландихтисос, инчунин баргузор намудани олимпиадаҳо, мусобиқаҳои илмиву фаннии донишкадавӣ ва ҷумҳуриявӣ дастуру супориш ва тавсияҳои муфид доданд.
Дар анҷоми чорабинӣ декани факултет Воҳидзода З.Г., ректори донишкада, аъзои раёсат ва тамоми иштирокдоронро бовар кунониданд, ки таклифу пешниҳодҳо ба инобат гирифта шуда, камбудиҳои ҷойдошта бартараф карда хоҳанд шуд.