То имрӯз дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят кишти зироатҳо муташаккилона идома доранд. Дар бахшҳои ҷамоавӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ то санаи 15 апрели соли 2020, 252,8 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуда, аз ҷумла, масоҳати кишти ғалладонагиҳо 127 ҳазор гектар, пахта 77900 гектар, зироатҳои равғандеҳ 8551 гектар, полезиҳо 8251 гектар, сабзавот 17554 гектар, картошка 5278 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 8280 гектарро ташкил мекунад.
Дар семоҳаи аввал, дар бахшҳои асосии хоҷагидории вилоят истеҳсол гардидаанд:
- 1967 тонна сабзавот;
- 15 тонна картошка;
- 12,5 тонна меваҷот;
Бояд қайд намуд, ки новобаста аз мушкилотое, ки дар Ҷумҳуриямон мавҷуданд, деҳқонони минтақа тавонистаанд, ки ҳосилнокиро нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1127,5 тонна сабзавот ва 7,9 тонна меваҷот зиёд намоянд. Ин аз гувоҳи медиҳад, деҳқонон тавонистанд, ки майдони гармхонаҳо ва кишти зери плёнкаро афзун намуда, аз як тараф бозори истеъмолиро ба миқдори зарурӣ таъмин намуда, аз тарафи дигар даромадгардиданд ва бо ин амал дар доираи амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати “самараноку оқилона мавриди истифода қарор додани заминҳои корами обӣ ва афзун намудани масоҳати кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ” саҳми босазои худашонро гузоштаанд. Дар доираи дурнамои сохтори кишти такрории зироатҳо барои ҳосили соли ҷорӣ тағйиротҳо ворид карда шуданд. Дар сохтори кишт бошад бештар ба зироатҳои ғалладонагиҳо, махсусан лӯбиёгиҳо, инчунин картошка, сабзавот ва полизиҳо диққати бештар зоҳир карда шуда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят гузаронидани 130 ҳазор гектар кишти такрорӣ пешбинӣ карда шудааст. Бояд қайд кард, ки рақамҳои оардашуда гувоҳи он аст, ки рушди иқтисоди таъмин карда шудааст. Нишондиҳандаҳои кутоҳмуҳлати рушди минтақавии вилояти Хатлон бошад ба 3 миллиарду 63,8 миллион сомонӣ расидааст, ки афзоиш бошад нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6,9 фоизро ташкил дод, ки ба ҳар як нафар аҳолӣ 914,5 сомонӣ рост омада, нисбати ҳамин давраи соли 2019-ум 50 сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ танҳо дар семоҳаи аввали соли 2020 ба 565,7 миллион сомонӣро ташкил дода, ки нисбати семоҳаи аввали соли 2019-ум 27,5 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиш бошад 5,1 фоизро ташкил медиҳад. Мувофиқи маслиҳати мутахасисони соҳа барои боз ҳам афзун гардонии ҳаҷми истеҳсолот бояд масоҳати боғу токзорҳоро афзоиш дод. Зеро бо ин усули начандон вазнин дар як сол то се ҳосил метавон ба даст овард. Албатта барои таъсиси ин гуна хоҷагиҳо хоҷагидорон бо чунин мушкилотҳо рӯ ба рӯ хоҳанд шуд:
- Шароитҳои молиявӣ;
- Имконияти дастрас намудани замин;
- Дастрас намудани ниҳолҳои хушсифат;
- Дастрасӣ ба техника ва таҷҳизот;
- Аҳолии гирду атрофи хоҷагӣ.
Бо ҳалли ин мушкилотҳо таҳлили имкониятҳои асосии хоҷагӣ ва ояндадории он ба амал бароварда мешавад. Ин тахлил дар навбати худ, таҳлили микромуҳит ва макромуҳитро дар бар мегирад.
1. Таҳлили микромуҳит – омeзиш ва тахкики чунин омилҳоро дар бар мегирад:
– имкониятҳои бозори;
– баҳодихии хусусиятҳои бозор;
– баҳодиҳии фоиданокии бозор;
– баҳодихии воситаҳои техникӣ ва технологии амалигардонии мақсади стратегии хоҷагӣ;
– баҳодиҳӣ ба муҳити иқтисодии бозор.
2. Таҳлили макромуҳит – омeзиш ва таҳқиқи чунин омилҳоро дар бар мегирад:
– ҷанбаҳои макроиқтисодӣ;
– бозорҳои якҷояшуда дар минтақаҳо;
– таҳлили баҳодиҳии вазъи сармоягузорӣ ба хоҷагӣ;
– бозори қувваи кори;
– бозори захираҳо.
Ҳангоми дуруст аз худ муҳитҳои дар боло зикршуда хоҷагидорони вилоят метавонанд натанҳо дар бозори дохилӣ бо хоҷогидорони дигар минтақаҳо рақобат намоянд, дар бозорҳои хориҷа низ ҷойи худро пайдо менамоянд. Зеро дар Ҷумҳуриямон чор фасли мавҷуд мебошад, ки барои сабзавоту меваҷот беҳтарин шароит буда, тамоми кишоварзони меҳнатқарини вилояти Хатлон кӯшиш карда истодаанд, ки кишту кори баҳориро вусъат бахшидаанд, ки бо мақсади таъмини фаровонии бозори истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати мавсимӣ, ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода менамоянд. Доир ба ин масъала, аз тарафи Ҳукумати вилоят ва шахсони масъули соҳа байни аҳолӣ ва хоҷагидорон корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти сари вақт кишт намудани зироатҳо, аз ҷумла сабзавоту полезиҳо, гирифтани се-чор ҳосил, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оилаи вилоят, ташкили гармхонаҳо, махсусан, дар заминҳои президентӣ ва ҳатто наздиҳавлигӣ васеъ ба роҳ монанд.
Холов Р.М. саромӯзгори кафедраи “Риёзӣ ва иқтисодӣ”-и Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон