Мо кормандони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон аз воситаҳои ахбори омма фаҳмидем, ки зимни баргузории Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ, тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ интихоб гардиданд. Аз ин интихоб изҳори қаноатмандӣ намуда, онро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем, зеро бовар дорем ва медонем, ки бо кордониву корбарӣ Рустами Эмомалӣ ба ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот ва рушду пешрафти Тоҷикистони азиз мусоидат намуда, обруву эътибори Ватанро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад.
Шумо, эй мансабталабу ҳангоматалабу даъвогарон, хаффошҳоеро мемонед, ки нури офтоби пешрафти Тоҷикистонро дида наметавонед.