Аз санаи 3-юми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Бехатарии иншооти гидротехникӣ” оғоз гардид. Семинари мазкур дар доираи лоиҳаи минтақавии “Захираҳои обӣ ва муҳити зист” –и Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) баргузор гардида, то рӯзи 6-уми декабр идома меёбад.
Тибқи иттилоъ Семинар-тренинг дар мавзӯи “Бехатарии иншооти гидротехникӣ” бо мақсади омӯзиши маҳорати таҳияи модулҳои вобаста ба бехатарии иншооти гидротехникӣ барои мутахассисон- мурабиён ба роҳ монда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар ин Семинар дар қатори дигар мутахассисону донишмандони соҳаҳои гидроэнергетика ва захираҳои обӣ кишварҳои минтақа, ҳамчунин, намояндаи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон номзади илмҳои техникӣ, муовини ректор оид ба илм, иноватсия ва равобити хориҷӣ Қувватзода Обидҷон низ иштирок дорад.