Рӯзи 25 октябри соли 2024 бо ташаббуси Раёсати Донишкадаи энергетиткии Тоҷикистон ва  дар ҳамкорӣ бо  дафтари барномаи Erasmus+дар Тоҷикистон  семинар – конференсия дар мавзӯи “Беҳтарсозии сифати таҳсилот дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои грантӣ” баргузор гардид. Дар кори семинар – конференсия ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон доктори илмҳои техникӣ, дотсент  Исозода Диловаршоҳ Тариқ, ҳамоҳангсози дафтари барномаи Еrasmus+ дар Тоҷикистон доктори фалсафа  Моҳбону Накҳатзода , сардори Маркази байналмиллалии Донишкадаи иқтисод ва савдо Саидқосим Мухторов, профессори    Донишгоҳи  технологии Тоҷикистон сардори раёсати татбиқи стратегияҳо ва технологияҳои инноватсионӣ  Ҷаъфар Аҳроров иштирок доштанд.  Бояд қайд кард, ки барномаи Erasmus+ , барномаест, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи маориф, омӯзиши касбӣ,ҷавонон ва варзиш  таъсис ёфта, давраи солҳои 2014-2025-ро фаро мегирад.

    Барнома якчанд имкониятҳоро барои донишҷӯён, докторантон, кормандони пажуҳишгоҳҳо  ва муассисаҳои таҳсилоти олии тамоми дунё пешниҳод мекунад. Аз ҷумла, барои донишҷӯёну докторантон бурсияҳои таҳсилие пешниҳод  карда мешаванд, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда,  хароҷотҳоро доир ба ширкат намудан дар барнома , хароҷоти нақлиёт ва зистро дар Аврупо, ҳамчунин суғуртакуниро дар бар мегирад. Мақсади асосии барнома сафарбар намудани донишҷӯёну магистрантону  аспирантон ба донишгоҳу донишкадаҳои муваффақи дунё, ки дар самтҳои гуногуни таълим муваффақиятҳои назаррасро ноил гардидаанд ва дархост роҷеъ ба ширкат намудан дар озмун оид ба дарёфти бурсия барои номзадҳо  барои  тамоми мамолики дунё озод аст.

      Ин шакли сафарбаршавӣ бо инобати давраи таҳсилот барои донишҷӯёни хориҷӣ, ки хоҳиши дар Аврупо таҳсил кардан ва инчунин барои донишҷӯёни аз Аврупо хоҳиши таҳсил дар дигар мамолики ҷаҳонро  доранд, дастрас мебошад.

      Дар раванди кори семинар-конференсияи мазкур инчунин дар бораи тарзу усулҳои лоиҳаҳои грантии марбут ба масъалаҳои гуногуни соҳаҳои иқтисодёт ва энергетика маълумоти мушаххас ва муфид пешниҳод гардид.

   Иштирокчиёни семинар-конференсия ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд      

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ДОНИШКАДАИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН

Scroll to Top