КАФЕДРАИ ТАЪМИНОТИ БАРҚ ВА БЕХАТАРИИ ЭЛЕКТРИКӢ
Мудири кафедра
н.и.т. Абдуназаров Сунатулло Сабзаалиевич
тел: (992)919522649
E–mail. abdunazarov2017@mail.ru
Кафедраи таъминоти барқ ва бехатарии электрикӣ – яке аз кафедраҳои маъмули соҳавӣ дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон мебошад. Кафедра яке аз сохтори асосии таълиму тарбия ва илмии муассиса ба шумор рафта, фаъолияти худро тибқи Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Кафедра дар тобеияти факултети электроэнергетикии Донишкада фаъолият дорад.
Аз соли таъсисёбии Донишкада кафедра бо номи кафедраи энергетикӣ фаъолият менамуд, ки дар тобеияти факултети электроэнергетикӣ таъсис дода шуда буд. Кафедра зиёда аз 15 сол мешавад, ки бо номҳои гуногун: таъминоти барқ ва автоматонӣ; таъминоти барқ ва ҳифзи релеӣ ва айни замон бошад, таъминоти барқ ва бехатарии электрикӣ фаъолият дорад.
Фонд. Кафедра дар бинои 1–уми таълимӣ дар ошёнаи 3–юм ҷойгир аст. Ба фонди аудитории кафедра панҷ синфхонаи таълимии амалӣ–озмоишӣ муҷаҳаз бо тамоми амволҳои таълимӣ, утоқи кории омӯзгорони кафедра, утоқи кории мудири кафедра ва анбори аёниятҳо ва воситаҳои сайёри таълимӣ дохил мешаванд. Кафедра дорои фонди бузурги озмоишгоҳҳо мебошад, ки дар ҷадвали 1. оварда шудаанд.
Ҷадвали 1. Фонди озмоишгоҳҳо дар кафедра.
Номгӯи озмоишгоҳҳо | Макони ҷойгиршавӣ, аудитория |
Озмоишгоҳи бехатарии электрикӣ | 1/301 |
Озмоишгоҳи васл ва истифодабарии дастгоҳҳои электрикӣ | 1/302 |
Озмоишгоҳи энергиясарфакунӣ | 1/303 |
Озмоишгоҳи электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ | 1/304 |
Озмоишгоҳи рӯшноидиҳандаҳои барқӣ | 1/305 |
Ихтисосҳо. Кафедраи таъминоти барқ ва бехатарии электрикӣ кафедраи тахассусӣ буда, дар зинаи таҳсилоти бакалавр аз рӯи ихтисосҳои 1–430103 – таъмини барқ ва 1–430103–05 – таъмини корхонаҳои комплекси агросаноатӣ бо барқ мутахассисонро барои фаъолият дар корхонаҳои энергетикӣ омода месозад. Қайд намудан зарӯр аст, ки имрӯзҳо қариб дар тамоми корхонаҳои соҳавӣ мутахассисони мо ба ҳайси корманди маъмурӣ–техникӣ, навбатдор, фаврӣ–таъмирӣ ва таъмирӣ фаъолият намуда истодаанд.
Магистратура яке аз зинаҳои таҳсилот дар низоми кредитӣ ба шумор меравад, ки таълимот дар ин зина тибқи Низомномаи магистратура 2 сол муқарар шудааст. Ҳамин тавр дар кафедра дар зинаи таҳсилати магистратура аз рӯи ихтисоси 1–430103–таъмини барқ (аз рӯи соҳаҳо) магистрантон ба таҳсил фаро гирифта шуда, зери роҳбарии омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта корҳои илмӣ иҷро менамоянд.
Ҳайати кормандон
Шокиров Қутбиддин Шамсидинович – саромӯзгор.
Тел: (992)100800822
Сафаров Маҳмадҷобир Маҳмуродович – саромӯзгор
Тел: (992)938301630
Муҳаммади Абдураҳим – ассистент
Тел: (992)555558073