Муҳақиқони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар доираи амалисозии Созишномаи миёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлати техникии Гомели ба номи П.О. Сухойи Ҷумҳурии Белорус ба имзо расида, барои донишҷуёни равияи «Низом ва шабакаҳои барқӣ» донишгоҳи мазкур машғулиятҳои маърӯзавии маҷозӣ баргузор намуданд.
Дар заминаи муколамаи қаблан мувофиқагардида санаи 8 –уми декари соли 2023 намояндагони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, ба донишҷуёни бахшҳои 3 ва 4-уми ихтисоси «Низом ва шабакаҳои барқӣ»- и шарики хориҷии худ Донишгоҳи давлати техникии Гомели ба номи П.О. Сухойи Ҷумҳурии Белорус, тариқи машғулиятҳои кушодаи маҷозӣ маърӯза намуданд. Дар раванди машғулиятҳо ҳамчунин намояндаи кафедраи “Таъминоти барқ”-и Донишгоҳи давлати техникии Гомели ба номи П.О. Сухойи Ҷумҳурии Белорус, дотсент Алексей Александрович Капанский баромад намуд.
Зимни ин чорабинии муҳими таълимӣ, номзади илмҳои техникӣ, саромӯзгори кафедари “Нерӯгоҳҳои барқӣ” Қосимов Бахтиёр Исматулоевич ва номзади илмҳои техникӣ, саромӯзгори кафедраи «Низом ва шабакаҳои барқӣ»- и Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Қаюмов Алишер Ғафурҷонович бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, оид ба дурнамои рушди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон маълумоти муфассал доданд.
Маърӯзаҳо фарогири муҳимтарин мавзӯъҳои инъикоскунандаи рушди инфрасохтори энергетикӣ, бо инобати технологияҳои навини инноватсионӣ ва самтҳои стратегии соҳа буданд. Донишҷӯён имконияти хуби дарёфти маълумоти муфид оид ба дастовардҳои навини соҳаи энергетикаи Тоҷикистонро пайдо намуда, ҳамзамон, аз барномаву стратегияҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои ҷадид дар самти гидроэнергетика ва дурнамои сармоягузории соҳа дар кишвари мо огоҳӣ пайдо карданд.
Мавриди зикр аст, ки чунин чорабиниҳо фазои созгорро ҷиҳати табодули донишу таҷриба миёни доираҳои таълимӣ ва мутахасисони касбӣ фароҳам меорад. Дар раванди машғулиятҳо эҳсос гардид, ки донишҷуён ҳадафҳои мубрам ва ояндаи рушду инкишофи соҳаи энергетика Тоҷикистонро дақиқан дарк менамуданд.