Боиси хушнудист,  ки тайи солҳои охир намояндагони Донишкада дар озмуну олимпиадаҳои

 сатҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ  фаъолона иштирок намуда бо натиҷаҳои назаррас  Донишкадаро дар ҷомеъаи Тоҷикистон ва берун аз он муаррифӣ менамоянд.

Инак бори дигар устодон ва донишҷӯёни Донишкада  барои амалӣ намудани ҳадафҳои аз ҷониби роҳбарияти олии кашвар дар наздашон гузошта, баҳри рушди Ватани азиз Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштанд.

    Ҳамин тавр, ду намояндаи Донишкада, номзади илмҳои техникӣ саромӯзгори кафедраи ҳаракатовараҳои барқии Донишкада Ҷаҳонгири Абдулвоҳид ва донишҷӯи бахши 4 уми ихтисоси сохтмон ва истифодабарии нерӯгоҳои барқи оби Гиёев    дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм фуруғи марифат” шоҳноминаи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” иштирок намуда,  мутаносибан сазовори ҷойҳои сеюм ва дуюм  гардиданд.

       Аз номи аҳли кормандон ва донишҷӯёни Донишкада хирадмандии ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ устод Ҷаҳонгири Абдулвоҳид ва шогирдашон Гиёев Файзро самимона табрик гуфта, барояшон хушбахтӣ ва комёбиҳои навро таманно дорем.

Scroll to Top