Рӯзи 19-уми октябри соли 2023 аҳли колективи омӯзгорону кормандони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмуриву хоҷагидорӣ Муҳаббатов Ҳамрохон Қурбоновичро ба муносибати ба сини нафақа расиданашон табрику муборакбод намуданд.
Ба ин муносибат дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ҷамъомади бо тантана баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва ҳамкорону шогирдон ба устод Муҳаббатов Ҳамрохон Қурбонович таманиёти хешро иброз намуданд.
Барои хизматҳои шоёнаш устод Муҳаббатов Ҳамрохон Қурбонович аз ҷониби раёсати Донишкада ва кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотирави сарфароз гардонида шуд.