БА ИФТИХОРИ 26-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ШАҲСУТУНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ВАТАН

                    Дар толори Раёсати Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ба ифтихори иди 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади  мизи гирд дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ-шаҳсутуни соҳибистиқлолии Ватан” баргузор гардид.

                  Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишкада дотсент Исозода Д.Т. ҳусни оғоз бахшида, таваҷҷуҳи иштирокдорони ин чорабиниро бо моҳият, рисолат ва аҳамияти таърихии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷалб намуд.

                  Тибқи барномаи ин ҷамъомади мизи гирд маърӯзаҳои илмии мудири кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ ва рушди нерӯи инсонӣ” Ҳамроев Ҳ.Ҷ. дар мавзӯи “Ваҳдат-бақои миллат аст”, саромӯзгори ҳамин кафедра Имомов Х.Т. дар мавзӯи “Нақши сулҳу Ваҳдати миллӣ дар пешрафту суботи кишвар” шунида ва муҳокима гардиданд.

                  Дар баромади худ мушовири ректори Донишкада, яке  ташкилкунандагони фаъоли Ҳаракати Ваҳдаи миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва аввалин раиси Шӯрои ин Ҳаракат дар вилояти Хатлон устод Ализода А.А. дар бораи лаҳзаҳои ҷолиб аз таърихи баргузории маҷлиси муассисони ин Ҳаракат ва саҳми арзандаи ташкилкунандагони он дар марҳалаи ҳассоси онвақтаи ҷомеаи Тоҷикистон ва вилояти Хатлон, ёдовар шуд.

                   Иштирокдорони ҷамъомади мизи гирд бо як хулосае онро анҷом доданд, ки Ваҳдаи миллӣ аз рӯи ҳамаи омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангиаш воқеан шаҳсутуни соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад ва ҳар як шаҳрванди боору номӯс дар амалӣ гаштани ин омилҳо бояд саҳми худро гузорад.

Scroll to Top