Бобохонов Фирдавс Шамсиддинович мутаваллиди 1 апрели соли 1988 буда, маълумоташ олӣ, соли 2011 Донишкадаи энергетикии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм намудааст. Соли 2019 рисолаи илмиашро дифоъ намуда, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯи самтҳои 05.23.07 – Сохтмони гидротехникӣ ва 25.00.27 – Гидрологияи хушкӣ, захираҳои об, гидрохимия мушарраф гаштааст, алҳол номзади илмҳои техникӣ, дотсент мебошад. Фаъолияти меҳнатиаш аз моҳи августи соли 2011 аз вазифаи ассистенти кафедраи “Сохтмони гидротхникӣ ва фанҳои умумитехникӣ”-и Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон оғоз гардида, солҳои 2013-2014 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи Сохтмони гидротехникӣ ва фанҳои умумитехникӣ, солҳои 2014-2015 эдвайзери факултети Электромеханика, иқтисод ва сохтмони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, солҳои 2014-2019 унвонҷӯи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2016-2019 декани факултети Электромеханика, иқтисод ва сохтмони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, солҳои 2019-2020 сардори раёсати таълими Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, солҳои 2020-2022 сардори департаменти таълим ва идораи сифати таҳсилоти Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва аз сентябри соли 2022 то ҳоло мудири кафедраи фанҳои муҳандисӣ ва сохтмони гидротехникии Донишгоҳи давалатии Данғара фаъолият намуда истодааст.
Дар тӯли фаъолияти меҳнатиаш бо нишони фахрии Аълочии Барқи тоҷик, ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва или Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дипломи Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон барои олимони ҷавон дар соҳаи техникӣ ва ғайра сарфароз гаштааст.
Муаллифи 26 мақолаи илмӣ, 3 дастури таълимӣ-методӣ, 1 монографияи илмӣ, 3 патенти ихтироот дар соҳаи техникӣ ва як китоби таълимӣ мебошад.