Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ҷамъомади васеъи аҳли кормандони донишкада баргузор гардид, ки дар он муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 23 декабри соли 2022 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин бора ректори донишкада дотсент Исозода Диловаршо Тариқ ба иштирокдорони ҷамъомад гузориши муфассал ироа намуда, оиди нуктаҳои асосии Паём ёдовар шуданд. Аз ҷумла, ректори донишкада таъкид карданд, ки дар Паём дар қатори дастовардҳои назаррас дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, инчунин, Президенти давлат дар бораи рушди ояндаи илму маориф, тарбияи ҷавонон ва омодасозии онҳо ҳамчун шаҳрвандони соҳиби касбу ҳунар ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ ватанпарастии онҳо, ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ, дастуру ҳидоятҳо доданд.
Ректори донишкада қайд карданд, ки ҷиҳати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар ин Паёмашон зикр ёфтаанд, аҳли кормандон, олимону муҳақиқони донишкада ҳамаи имкониятҳои таълимию технологияи замонавиро доранд. Вобаста ба ин, дар донишкада фаъолияти Маркази инноватсионӣ, рушди истеъдодҳо ва Парки технологии амалкунанда бояд пурқувват гардонида шавад. Таҷрибаи ҷалби ҳамасолаи омӯзгорону донишҷӯёни донишкада ба касбомӯзиро васеътар намуда, дар ҳамин асос Маркази нави касбомӯзӣ ташкил намудан аз рӯи мақсад мебошад. Дар идомаи суханронии худ ректори донишкада пешниҳод карданд, ки ҷиҳати дар амал иҷро намудани дастури Пешвои миллат дар масъалаи истифодабарии “энергияи сабз” ва дар ҳамин замина рушди “иқтисодиёти сабз”, дар донишкада ташкил намудани кафедраи энергия ва иқтисодиёти сабз як ҳадафи асосӣ дар соли таҳсили 2023-2024 хоҳад буд. Ҳамзамон, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот тавассути муассисаи муштарак, бо донишгоҳу донишкадаҳои ватанӣ ва хориҷӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидан зарур ва иҷрошаванда аст. Дар ин бора Раёсати донишкада ба унвонии Вазоратҳои дахлдор ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиатномаи асоснок пешниход хохад кард.
Дар раванди ҷамъомади мазкур мушовири ректори донишкада А.А.Ализода, муовинони ректор Ф.Ҳ. Зувайдуллозода, Обидҷони Шаҳобиддини Қувватзода ва З.Ҷ.Шарифова ва дигарон баромад намуда, фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод карданд. Аз ҷумла, пешниҳод шуд, ки муҳтавои Паёми Президенти давлат дар маҷлисҳои факултету кафедраҳо, инчунин дарсҳои тарбиявӣ бо донишҷӯён, мавриди баррасӣ қарор дода шавад.