Санаи 14-уми декабри соли 2022 омӯзгори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Давлатов Азамҷон Маҳмадиевич дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия рисолаи номзадиашро дар мавзуи “Оптимизатcияи реҷаҳои кории нерӯгоҳҳои барқи обии хурд дар асоси генератори вентилии бисёрфаза” зери роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, профессор Ганджа Сергей Анатольевич бо муваффақият ҳимоя намуд. Давлатов Азамҷонро аз номи ҳамаи кормандон, устодон ва донишҷӯёни Донишкада самимона табрик намуда, барояшон қуллаҳои баланди илмиро таманно менамоем.