Дар толори фарҳангии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Наҷотбахши миллат” баргузор гардид.
Ҷамъомадро муовини ректор оид ба тарбия, тарғибот ва масоили иҷтимоӣ Шарифова З.Ҷ., ҳусни оғоз бахшид. Ректори Донишкада Исозода Диловаршоҳ Тариқ зимни сухани табрикотии худ қайд намуданд, ки маҳз 30 сол муқаддам дар ҳамин рӯз як рӯйдоди муҳиму фараҳбахш ба амал омаду дар ниҳоди мардуми тоҷик боварию эътимодро ба ояндаи неки Ватан бедор карду тақвият бахшид. Ин Иҷлосия ба адолати таърихие, ки баъди ҳазорсолаҳои соҳибистиқлол набудани миллати тамаддунофари тоҷик ба ин миллат насиб гардид, муҳри давлатдории воқеиро гузошт. Аз ҳамин Иҷлосия сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон оғоз шуд, чунки ин ғояро маҳз дар ҳамин рӯз Пешвои муаззами миллат, ҳамчун сарвари ҷавони давлати тозабунёди Тоҷикистон, пешниҳод карда буданд. Инчунин бо шарофати ҳамин иҷлосия ба таҳия ва қабули умумихалқии Конститутсия, ташкили Артиши миллӣ, сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ дар ҷумҳурӣ оғоз гардиданд.
Ба хусус соҳаи илму маориф рушд ёфта, садҳо муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбӣ сохта ба истифода дода шуданд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтани Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон мебошад. Ректори Донишкада таъкид доштанд, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат мо бояд сатҳу сифати донишу малакаи худро баланд бардорем ва дар оянда ҳамчун мутахассисони лаёқатманди соҳаи энергетика ба Ватан содиқона хизмат кунем.
Дар интиҳои чорабинӣ аъзои маҳфили фарҳангии донишкадавии “Нурафшон” бо шеъру сурудҳои ватандӯстӣ, рақс ва саҳначаҳои тарбиявӣ хотири иштирокдоронро болида намуданд.