4-уми ноябр бо ибтикори Раёсати Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бахшида ба 28-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Донишкада Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Конститутсия –ҳуҷҷати сарнавиштсоз” баргузор гардид. Дар конференсия устодон, омӯзгорону донишҷӯён ва дигар кормандони Донишкада иштирок намуданд.
Чорабинии мазкурро муовини ректор оид ба тарбия, тарғибот ва масоили иҷтимоӣ Шарипова Зарина оғоз бахшида, сухани ифтитоҳиро ба ректори Донишкада Исозода Диловаршоҳ Тариқ доданд. Иштирокчиёнро ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳнияту шодбош гуфта, як қатор донишҷӯёни фаъолро, ки дар озмуни донишкадавии “Иқтисоддони ҷавон” иштирок варзида сазовори ҷойҳои намоён шуданд, бо ифтихорномаҳои Раёсат ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ намуда, таъкид намуданд, ки чунин озмунҳо дар ҳамаи кафедраҳои Донишкада гузаронида шаванд, то ин ки донишҷӯён ба корҳои илмию навоварӣ бештар шавқу рағбат пайдо намоянд.
Иштирокдорони конференсия дар баромадҳои хеш мавзӯъҳои марбут ба паҳлуҳои гуногуни ҳуқуқиву сиёсии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ақида намуда, ин санади муҳими сиёсиро дар замони муосири пешрафти илму техника ва устувории давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон, назаррас арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин дар конференсия мушовири ректор устод Ализода Аҳмадҷон суханронӣ карда, қайд намуданд, ки халқи тоқик аввалин шуда ба ҷаҳониён Эъломияи ҳуқуқи башарро додааст, ки сарчашмаи ҳамаи қонунҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Конститутсияи имрӯзаи Тоҷикистон низ ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ буда, дар тартибу низом ва заминаҳои ҳуқуқии корҳои давлатдорӣ нақши асосӣ мебозад.
Дар идомаи конференсия омӯзгорони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва рушди неруи инсонии Донишкада Абдуалиев Б.С. ва Асоев С.Н. аз моҳияту аҳамияти таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз эътироф гардидани он суханронӣ карда, иброз доштанд, ки Конститутсия тамоми муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим дароварда, асосҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва пешрафту тараққиёти давлатро ба меъёрҳои ҷаҳони муосир мутобиқ месозад.
Дар охир муовини ректор оид ба таълим, сифати таҳсилот ва мобилияти академӣ Зувайдуллозода Ф. З. баромад карда, зикр намуданд, ки баргузории чунин чорабиниву конференсияҳо ба рушди минбаъдаи дониши ҳуқуқии устодону донишҷӯён, мусоидат хоҳад кард. Бо ҳамин устод Зувайдуллозода Ф.З. ба кори конференсия ҳусни анҷом бахшиданд.