Дар робита бо эълони солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва дар асоси нақша–чорабиниҳои кафедраи иқтисодиёти соҳавии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон озмуни “Иқтисоддони ҷавон” байни донишҷӯёни гуногунихтисос баргузор гардид. Озмуни мазкурро муовини ректор оид ба таълим, идораи сифати таҳсилот ва мобилияти академӣ номзади илмҳои педагогӣ Зувайдуллозода Файзулло ифтитоҳ бахшида, зимни суханронии худ ташкили чунин озмунҳои фаннӣ ва тахассусиро ба фоидаи кор арзёбӣ карда, қайд намуданд, ки ин гуна озмунҳо боиси рӯ овардан ба илму донишҳои муосири риёзӣ ва иқтисодӣ мегарданд.

Дар идомаи озмуни “Иқтисоддони ҷавон” донишҷӯён ва бахшҳои тахассусҳои гуногуни Донишкада ширкат намуданд. Иштирокчиёни озмунро раиси Комиссияи тадорукотӣ номзади илмҳои иқтисодӣ Расул Турсунов ва аъзои Комиссия н.и.и. Холов Раҳмоналӣ, н.и.и. Назарова Назира ва ассисенти кафедраи иқтисодиёти соҳавӣ Юсуфзода Тоҷиддин аз санҷиш гузарониданд.

Иштирокчии озмун Салоҳиддин Абдуллоев, донишҷӯи бахши 3-юми ихтисоси Автоматикунонии ҳаракатоварҳои барқӣ, дар бораи шаффоф гузаштани озмуни мазкур изҳор дошт, ки озмун барои мо донишҷӯён василаи беҳтаринест, ки оянда дар дигар олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ширкат намоем.

Дар интиҳои озмун гуфта шуд, ки натиҷа ва ғолибони озмуни “Иқтисоддони ҷавон” дар Рӯзи таҷлили иди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва қадрдонӣ хоҳанд гашт.

Scroll to Top