Имрӯз дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ба истиқболи солгарди Амирушшуаро – Сардафтари адабиёти классики тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироки Ректори Донишкада муҳтарам Исозода Д.Т, шоирони халқии Тоҷикистон, устодони маъруфи кишвар устод Озар С, устод Баёзӣ, Амиршои Хатлонӣ ва омӯзгорону донишҷӯён гузаронида шуд.
Нахуст муҳтарам Исозода Д.Т. Ректори Донишкада меҳмононро ба даргоҳи илму маърифат хушомадед намуда, ин санаи фархундаро ба онҳо ва дар симои онҳо ба тамоми сокинони кишвар табрику муборакбод намуданд.
Сипас устодон шеърҳои пурмазмун ва пур аз ҳикмат дар васфи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қироат намуданд .
Дар охир дастаи ҳаваскорони Донишкада бо шеъру сурудҳои омоданамудаашон табъи хозиринро шод намуданд…