Ҳамватанони азизи Бадахшонӣ!
Баъди тамошои барномаи телевизионии “ Шикасти фитна” хостам фикру мулоҳизаи худро баён кунам. Дар ҳақиқат, ҳамаи он нафарони беору нангу беҳунару безаковат, ки бо амалҳои разилонаашон ба сарзамини Бадахшон ва фарзандони барӯмандаш иснод меоранд, сазовори лаънати халқу Ватан мебошанд.
Дар ин марҳалаи ҳассоси вазъияти сиёсии ҷаҳон, мо-ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ, аз ҷумла мардуми Бадахшон бояд барои пойдории соҳибистиқлолии Ватан ва рушду ободиву озодии он бояд саҳмгузор ва дар ин ҷода ҳамқадам бо корвони замон бошем.
Эй ҳамватан, ба хотири шири сафеди модарон,
Шав ҳамқадам бо корвон, бо корвони ин замон.
Бародарону хоҳарони азизи бадахшонӣ!
Дар ин марҳалаи тақдирсози ватансозӣ мову шумо бояд фирефтаи дасисаҳои ифротгароён мисли Муҳаммадбоқир ва Алим Шерзамон, ки барояшон манфиати Ватан ва миллат ба пули пучаке ҳам қадр надорад, нашавем. Бадахшон зодгоҳи бадахшониҳост, вале як гӯшаи Ватани азизи ҳамаи тоҷикистониҳост, ки номаш Тоҷикистон аст. Зарур аст, ки ба хотири муқаддасоти ватандорӣ, мо-тоҷикистониён новобаста аз миллату мазҳабамон ҳамрайъу ҳамдил бошем:
Он забони маҳрамӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.
Ҳамватанони азизи бадахшонӣ!
Мо як Ватан дорем, ки номаш Тоҷикистон мебошад! Президенти Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Пешвои миллат аст, балки дар олами башарӣ ҳамчун Пешвои асри ХХI эътироф гардида, дар қатори 500 мусулмони беҳтарини дунё пазируфта шудааст.
Яке аз хизматҳое, ки Пешвои муаззами миллат нисбати ҳамватанони бадахшонии мо ба анҷом расонидаанд, ин фароҳам овардани шароиту имконот барои таъмини озодии виҷдон ва дину имондории мардуми ин минтақаи Тоҷикистон аст, ки баъди садсолаҳо мусалмонони бадахшонӣ бо Имоми ҳозири худ-Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV пайваста ва озодона дар иртибот ҳастанд.
Пас биёед дар рушду нумўи Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошем, ин шарафи бузург аст!
Бародарону хоҳарони азизи бадахшонӣ!
Бо ҷаҳду талошҳои фарзандони боору номуси Ватан, аз ҷумла мардуми Бадахшон, таҳти Сарварии Президенти Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон барои амалигардонии чор ҳадафи стратегии рушди Ватани азизамон-Тоҷикистон, аз ҷумла аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шудани Бадахшон, чораҳои зарурӣ татбиқ шуда истодаанд, ки дар як муддати кӯтоҳи вақт роҳҳои мошингарди ВМКБ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ сохта ба истифода дода мешаванд.
Амнияти энергетикӣ ва озуқавории Ватан, аз ҷумла Вилояти Мухтори Куҳистони бадахшонро низ таъмин месозем!
Шумо ҳам метавонед алорағми бадхоҳону душманони дохилию хориҷии Ватану миллат, дар рушду нумўи Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошед, ин шарафи бузург аст!
Бигзаштаи мо як замон, афсона буд дар ин ҷаҳон,
Эй ҳамватан, бори дигар бунёд кун афсонаро.
Мардуми шарафманди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон!
Дар марҳалаи кунунии ватансозӣ ва таъмини пойдории Истиқлолияти Тоҷикистон, дар ҳолате, ки қувваҳои ифротии дохилию хориҷӣ барои амалигардонии ниятҳои нопоки худашон сар бардоштаанд, барои мову шумо аз пештара дида нангу номўси миллӣ ва саҳми ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ заруртаранд, то дар сарзамини Тоҷикистон оромӣ ва субот ҳукмфармо бошад.
Ватан-Модар-Тоҷикистонро мо бо нерўву фитрати худ ободу сазовори давру замон мегардонем, на бо дасисаву хиёнаткориҳо!
Дил ба ғами Ватан фигор ман накунам, кӣ мекунад,
Ҷон ба раҳи Ватан нисор ман накунам, кӣ мекунад.
Ҳамватанони бадахшонии азиз!
Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миллати тоҷик, аз ҷумла мардуми Бадахшон Соҳибватан ва Соҳибдавлат гардиданд, ки нишон ва сарчашмаи хушбахтӣ мебошад. Мутаасифона барои саркардагони гурӯҳҳои ифротӣ мисли Муҳаммадбоқир ва Алим Шерзамон дар маркази вилояти Бадахшон, ин чиз бегона аст. Мо метавонем бо амалҳои неки худ, бо омодагии пухта ва зиракии сиёсии баланд Соҳибватан буданамонро зоҳир кунем. Ин нангу номўс ва шараф аст!
Биёяд накҳати бадбахтӣ аз гулзори бегона,
Чӣ хушбахтам, агар дар пояи хори Ватан мирам.
Бародарону хоҳарони азизи бадахшонӣ!
Танҳо дар чанд соли охири соҳибистиқлолии Ватани азизамон-Тоҷикистон давлату ҳукумати мамлакат садҳо таълимгоҳҳои бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонидашудае сохта ба истифода додаанд, ки миллати тоҷик назирашро дар ҳазорсолаҳо надида буд, садҳо километр роҳҳо, нақбҳову пулҳои ба меъёри байналмилалӣ ҷавобгў сохтаву таъмир шуданд, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшиданд. Ва албатта ин дастовардҳо ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ дахл доранд.
Бинобарон, фирефтаи ваъдаҳои дурӯғи душманону хоинони Ватан нагардида, бояд ба қадри давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо ҷону дил бирасем ва онро ба қадри ҷон ҳифз намоем, ки ин шарафи бузург ва орзўву ормони ҳазорсолаи гузаштагонамон мебошад!
Дар пардаи субҳ Меҳри тобон яктост,
Тоҷик ҳама ҷою Точикистон яктост.
Ҳамватанони азизи Бадахшонӣ!
Боварӣ дорам, ки кулли мардуми сарбаланду фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон новобаста аз амалҳои баъзе афроди нохалафи бетафаккур мисли Муҳаммадбоқир, Алим Шерзамон ва ҳамроҳонашон, сиёсати дохилию хориҷии роҳбарияти олии кишварро ҷонибдорӣ менамоянд. Воқеан, аз ҷониби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ, аз ҷумла мардуми боору нанги Бадахшон дастгирӣ ёфтани сиёсати дохиливу берунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Пешвои асри 21, Раиси ҲХДТ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои таъмини пойдории давлату фарҳанги миллиамон равона гаштааст, далели дарку эҳтироми адолату адолатпарвар мебошад.
Саломативу тавоноӣ нишонаҳои муваффақиятанд, вале ҳатто онҳо ҳам бе муҳаббат ба Ватану Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳеҷанд, пас вой бар ҳоли маъюбони хиёнаткор!
Ҷавонони азизи бадахшонӣ !
Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бароямон шароиту имконоти фаровоне фароҳам овардааст, то ки:
– дар андешаамон озод бошем вале андеша ба хотири озодӣ, ободӣ ва рушди Тоҷикистон бошад;
– дар гуфтугўямон ҳамеша мантиқ бошад, то манфиати Ватану давлати Тоҷикистон коҳиш наёбад;
– дар амалҳоямон ҳамеша Қонун риоя шавад, чунки лаҳзае зиндагӣ дар доираи талаботи Қонун беҳ аз миллионҳо соли мавҷудият дар беқонунист, ки асосаш торикӣ, ҷоҳилӣ ва разолат мебошад.
Вақти он расидааст, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистони навинро, ки орзую ормони ҳазорсолаи миллат аст, ба қадри ҷон ҳифз намоем!
Сарвати ман хоку санги ин Ватан,
Обрӯям ному нанги ин Ватан.
Ҳамватанони азизи Бадахшонӣ!
Вақте, ки дар бораи дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ҳарф мезанем барои мардуми Ватандору боору номуси бадахшонӣ хеле дилнавозу фараҳбахш садо медиҳанд, вале ба бадхоҳони давлату миллат ба монанди ҷинояткорон Муҳаммадбоқир, Алим Шерзамон намефорид, чунки ҳақиқату адолат барояшон гўшхарош аст.
Бедил аз шаппара кайфияти хуршед мапурс,
Ҳақ ниҳон нест вале хиранигоҳон кўранд.
Мо шаҳрвандони Суғду Хатлон, Ҳисору Раштозамин дар якҷоягӣ бо мардуми шарафманди шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корвони ободиву озодии Ватани азизамон-Тоҷикистонро зери роҳнамоии Президенти давлатамон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манзили умеду орзуҳо мерасонем!
Бародарону хоҳарони азизи Бадахшонӣ!
Маълум аст, ки афроди ҷиноятпеша мисли Муҳаммадбоқиру Алим Шерзамон бадбахтона барои ободию оромии Ватан ҳеҷ як амали некро ба сомон нарасонидаанд. Вале, вақти он расидааст, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ, аз ҷумла мардуми бофарҳангу ватанпарасти Бадахшон ба воқеияти рӯзгор назари боадолатона намуда, бояд боҷуръатона аввал аз худ ва наздикони худ дараҷаву сифати саҳми гузоштаашонро дар рушди Ватан бисанҷад ва муайян кунад. Охир Ватани моро танҳо худи мо метавонем ободу тараққикарда кунем, дигарон не!
Дар ҷаҳон болу пари хеш кушудан омӯз,
Ки паридан натавон бо пару боли дигарон.
Бародарону хоҳарони азизи Бадахшонӣ! Дар роҳи ободиву озодии Ватан саҳми ҳамагонӣ зарур аст. Дар ин ҷода ба бетарафӣ, бегонапарастиву бегонафитратӣ ҷой нест. Пеши роҳи онҳоеро бояд бигирем, ки дар ин Ватан ҳатто барои худу волидайнашон ҳам як хиштро болои хиште нагузоштаанду дар ҳама ҷо ва аз ҳамаи воситаҳо барои сиёҳ кардани давлати ҷавони Тоҷикистону Президенти он тўҳмат мезананд. Мо ҳамчунон, ки рўзии худро ҳамчун обу нон, ҳар рўз аз замин дарёфт мекунем, бояд баҳраи рўзонаи худро, ки имони зинда ва шодоб аст низ аз осмон ба даст оварем. Имон чун чашмае бояд ҷорӣ бошад, вагарна ба ботлоқ табдил меёбад. Муҳаббат ба Ватан низ аз гўшаи имон аст. Тоҷикистонро дўст доред, ки он аз муқаддасоти зиндагии мост.
Хона ёбад мўр дар як зарраи хоки Ватан,
Беватан дар рўи сад дунё наёбад сарпаноҳ.
Ализода А.А., мушовири ректори ДЭТ