Имрӯз дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон сафарбаркунии донишҷӯёне, ки ихтиёри баъди супоридани имтиҳонҳои хатм ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза навиштанд доир гардид. Донишҷӯёни хатмкунандаро сараввал Ректори Донишкада н.и.к. муҳтарам Исозода Д.Т. барои сазовор шуданашон ба дипломи дараҷаи бакалавр таҳният намуда, баъдан дӯст доштани Ватану миллат ва хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро роҳнамоӣ намуданд. Имрӯз дар чорабинӣ муовини Раиси ноҳияи Кӯшониён, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода М.Ш., ба ихтиёриён барои шуҷоату ҷавонмардиашон таҳнияту бурдбориҳоро намуданд.
Дар Донишкада баъди супоридани имтиҳони Кафедраи_ҳарбӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.
Ҳамзамон дар Донишкада падару модарони донишҷӯёне, ки баъди хатми донишкада меҳри Ватану Ватандустиро дар вуҷудашон ҷо намуданд баргузор шуд. Иштирокунандагон бо сари баланд ва меҳру садоқат ба Ватан фарзандони шуҷову далери худро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равон намуданд.