Дар ибтидои асри XXI ҷомеа бо хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризм мебошад. Албатта онҳое, ки мегӯянд терроризм падидае аст, ки инсониятро дар тамомим тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда, омадааст беасос нест. Решаҳои терроризм хеле чуқур буда, ба базаи иҷтимоии он, ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ – фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот доранд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай ва дар куҷо ва ба кадом мақсад рух додааст. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарс мехостанд мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянд. Дар ин давраҳо ҳам амалҳои террористӣ боиси кушта шудани теъдоди зиёди одамони бегуноҳ мегардид. Дар охири асри XX амалҳои террористӣ бештар характери сиёсӣ ба худ гирифта, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ мегардад. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд меоянд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.
Аз ин ҷиҳат омӯзгоронро лозим аст, ки барои тарғиби зидди терраризм нақшаи корӣ тартиб диҳанд ва пас аз он дар байни донишҷӯён чорабиниҳо баргузор намоянд. Ҳамчунин бояд дар байни донишҷӯён бо тариқи гузаронидани суҳбатҳо, конфронсияҳо машғул шаванд.
Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кӯҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст. Ногуфта намонад, ки шаклҳои зиёди экстремизм ба монанди: сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, наврасон ва ҷавонон, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, маънавӣ ва ғайра муайян карда шудаанд.
Албатта барои бартараф намудани ин мушкилотҳо Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёму вохӯриҳои худ бо аҳли ҷомеаи кишвар таъкидҳои зиёде намудаанд, ки «Ҷавонон ин ояндаи миллатанд». Барои пешгирии ин проблема бояд омӯзгорон сараввал донишҷӯёнро бо маҳфилҳои гуногун ҷалб намоянд, то ки ба корҳои беҳуда машғул набошанд.
Бахши кор бо ҷавонони Донишкада