Санаи 9-уми май ҳамчун рӯзи пирӯзии сулҳ бар ҷанг ва некӣ бар бадӣ, яке аз дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи бисёр кишварҳои олам ва умуман башарият аст.

Бо тақозои раванди таърих халқи тоҷик низ имтиҳону озмоишҳои фоҷиабори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро аз сар гузаронид. Бинобар ин, рӯзи Ғалаба як пораи воқеии сарнавишт, як саҳифаи пурифтихори таърих ва як намунаи беамсоли корнамоиҳои падарону бародарони калонсоли моро дар арсаи мудҳиштарин ҷанги ҷаҳонии асри гузашта таҷассум менамояд.
Имрӯз, баъди гузашти 76 сол, миқёс, арзиш ва шаҳомати корномаи беназири халқ дар қалбу хотираи мо боз ҳам равшантар мегардад. Башарият дар масири таърих ин гуна ҷанги хонумонсӯз ва фоҷиаи мудҳишро, ки 1418 шабонарӯз идома ёфта бошад, аз сар нагузарондааст.
Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз рӯи миқёсу андоза низ даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи олам буда, дар он беш аз 72 давлатҳои хурду бузурги олам ширкат варзида, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди 40-давлат вусъат ёфтаанд. Дар набардҳои ин ҷанг беш аз 110 миллион аскарону сарбозон сафарбар шуда, зиёда аз 30 фисади онҳо дар набардҳо ба ҳалокат расиданд. Аз рӯи ҳисоби коршиносон зарари умумии ҷанг 4,5 триллион доллари амрикоиро ташкил дода, бештар аз 55 миллион одамон қурбон ва садҳо миллион аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба азоб гирифтор гардиданд.
Ҳарчанд мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон аз майдони ҷанг ҳазорон фарсах дур буд, вале дар дили ҳар як шахси ватандӯст нисбати душман нафрат пайдо гардида, онҳоро барои ихтиёран ба ҷабҳаҳои набард сафарбар гардидан водор мекарданд. Садои мудҳиши ҷанг зангулаи наҳси худро зада аз ҳар оила наздиктарин касонро ба ҳифзи Ватан сафарбар мекарданд.
Аскарон бо тиру туфанг ва зиёиёни ватанпарасту бедордили тоҷик бо қалам ва сухан дар ақибгоҳ ба муқобили душман мубориза мебурданд, ки номи даҳҳо фиристодагони ҷумҳуриямон: А.Абдуллоев, О.Раҳмонов, А.Маҳмудов, А.Ҳоҷибоев ва дигарон дар остонаи бисёр шаҳрҳои сарҳадии ИҶШС (СССР) бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд.
Бояд гуфт, ки аввалин задухурди ҷангии тоҷикистониён дар қалъаи Брест ба амал омада аст, ки тоҷикписароне, ки ҳоло номи онҳо дар боло зикр карда шудаанд паҳлу ба паҳлу бо халқҳои дигар истода ба души худ зарбаи аввалини душманро қабул карданд.
Инчунин, Германияи фашистӣ бо мақсади дар зудтарин фурсат ишғол намудани тамоми хоки Шӯравӣ 2-юми октябр соли 1941 шаҳри Москваро муҳосира намуд.
Ҳамин тавр дар назди ҷанговарон вазифаи муқаддасе истода буд, ки шаҳри Москва ҳимоя карда шавад. Дар чунин вазъияти душвор ноябри соли 1941 дивизияи 20-уми савораи кӯҳгарди Тоҷикистон низ ба ҳимояи Москва рафт, ки онро полковник А.Ставенков роҳбарӣ мекард. Ҳамин тавр то охири муҳорибаи Москва фиристодагони Тоҷикистон қаҳрамониҳо нишон дода, зиёда аз 150-нафарашон бо ордену медалҳо соҳиб гардиданд. Аввалин ордени Ленинро тоҷикписар М. Иброҳимов барои нест кардани 6-танку 16 БТР-и душман соҳиб гардид. Номи дигар фидоиёни Ватан: Б.Искандаров, Р.Ҷалилов, М.Маҳкамов, И.Обидов, А.Очилов, инчунин зани тоҷикистонӣ Нина Лабковская дар саҳифаҳои таърих сабт гардидаанд.

Scroll to Top