Рӯзи 10 декабри соли 2020 дар толори Донишгоҳи давлатии ба номи Н.Хусрав коференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ бахшида ба 26-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони “Мактаби сиёсии пешвои миллат” баргузор гардид. Дар Конфересияи мазкур ҳамзамон бо тариқи онлайн тавассути васоити компютерӣ олимони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва намояндагони вазорату идораҳо ширкат варзиданд. Аз Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар кори конференсия иштирок ва бо мақолаву рисолаҳои илмӣ се нафар: ректори донишкада, номзади илмҳои кимиё Исозода Д.Т., мушовири ректори донишкада Ализода А.А. ва номзади илмҳои техникӣ Раҳматуллоев А.З. баромад карданд.

         Мавзӯъи презентатсияшудаи ректори Доникадаи энергетикии Тоҷикистон, номзади илмҳои кимиё Исозода Д.Т. “Саҳми Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалии истифодаи об” аз ҷониби Раёсати конференсия ва иштирокдорони он беҳтарин арзёбӣ гардид.

         Дар анҷоми қисмати расмии конференсия  Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ба як қатор фаъолону собиқадорони ҳизб, аз ҷумла ба мушовири ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон  Ализода Аҳмадҷон,  Ифтихорномаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар вазъияти тантанавӣ супорид. Аз номи омӯзгорону кормандони донишкада устод А.Ализодаро барои ба чунин қадршиносии Пешвои муаззами миллат сазовор шуданашон табрику таҳният мегӯем.

Scroll to Top