15-уми март Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи истеъмолкунандагон

Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон.
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи Байналмилалии ҳуқуқи истеъмолкунандагон бо иштироки намояндагони Раёсати Кумитаи бехатарӣ ва таъмини озуқаворӣ дар вилояти Хатлон, Ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон н.и.к. Исозода Д.Т. ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишкада семинар-вохӯрӣ баргузор гардид…
Нахуст Ректори Донишкада меҳмононро ба даргоҳи илму маърифат хушомадед намуданд. Баъдан намояндагони кумита оид ба ҳуқуқи истеъмолкунандагон баромадҳо намуданд.
Инчунин аз ҷониби донишҷӯён саволҳо пешниҳод гардиданд, ки мутахассисони соҳа ба он ҷавобҳои мушаххас гуфтанд.
Дар анҷом ба як қатор собиқадорон ва фаъолони соҳа аз тарафи Раёсати Кумитаи бехатарӣ ва таъмини озуқаворӣ дар вилояти Хатлон ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.