Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушду нумӯи Ватанро оғоз мебахшад

Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон тибқи Қонуни конститутсионии Тоҷикистон барои сазовор шудан ба мансаби олии Президенти Тоҷикистон ба маъракаи таблиғоти пешазинтихоботӣ шурӯъ кардаанд ва хуб медонанд, ки ин раванд  бояд бо роҳи осоиштагӣ ва интихоби халқ сурат бигирад. Дар ин бора ҳанӯз соли 1996 дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Ватан  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки дар  ҳар як  ҷомеаи демократӣ ҳизбҳои сиёсӣ танҳо аз тариқи муборизаҳои осоиштаи парлумонӣ ба ҳадафҳои сиёсии худ бояд  муваффақ шаванд. Дар ин амр роҳи дигаре нест. Тариқи зӯроварӣ ва фиребу  найрангро ҳеҷ гуна давлати ҳуқуқбунёду демократӣ намепазирад. Ин некназарии Пешвои миллат моҳи сентябри соли 2015,  баъди  амалҳои хиёнаткоронаи сарварони ҳизби террористии аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон  манъшудаи НИТ, исботи худро ёфт. Бинобар он бамаврид аст, ки боз як таъкиди Ҷаноби Олиро иқтибос биорем: «Мову  шумо бояд як қувваи  ягонаро ташкил дода, онҳоеро, ки сулҳу салоҳро дар ҷомеа халалдор карданӣ мешаванд, ҳамдигарфаҳмии байни қувваҳои сиёсиро аз байн бурданӣ мешаванд, ҳушдор  диҳем».

Дар ин маъракаҳои таблиғотӣ ҷавонон, ки як нерӯи пурқуввати ҷомеа ба ҳисоб мераванд, метавонанд   дар самти корҳои таблиғотӣ ва созандагию бунёдкорӣ  самаранок саҳмгузор бошанд бошад ва ҳам барои мусоидат ба таъмини амнияту осоиштагӣ дар ҳудуди ҳамаи деҳаву маҳаллаҳои ҷамоатҳо ҳамаҷониба ширкати фаъолона дошта бошанд.  Бо назардошти вазъи сиёсии ҷаҳони муосир ва зарурати воқеан амалӣ намудани таъкидҳои доимии Пешвои миллат ҷиҳати аз даст надодани зиракии сиёсӣ,  ҷавонон  метавонанд бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амният ҳамкории судманд дошта бошанд ва   дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо  ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таасуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм(ифротгароӣ), сепаратизм(ҷудоихоҳӣ), терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташон қарор диҳанд.

Аҳмадҷон Ализода, мушовири ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон